Апрел 12, 2021 10:25 Asia/Dushanbe
  • Саидмукаррам Абдулқодирзода мизони фитрия ва закот дар моҳи Рамазони 2021-ро эълом кард
    Саидмукаррам Абдулқодирзода мизони фитрия ва закот дар моҳи Рамазони 2021-ро эълом кард

Раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон мизони фитрия,каффора ва закот дар Тоҷикистонро дар моҳи мубораки Рамазон, ки аз рӯзи сешанбе 13 апрел оғоз мешавад, эълом кард .

    Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи Пресса.тҷ , Саидмукаррам Абдулқодирзода гуфт дар моҳи Рамазони имсол мизони фитрия барои ҳар нафари болиғ бар асоси афзоиши нархи гандум 6 сомонӣ мебошад, дар ҳоле ки соли гузашта 5 сомонӣ буд .

    Вай таъкид кардааст : « Ҳамчунин мизони каффора барои афроди дорои узри шаръӣ ба миқдори 360 сомонӣ барои 30 рӯз муайян шудааст, ки дар ҳар рӯз 12 сомонӣ хоҳад буд . »

    Ҳамчунин мизони закоти солона барои афроде, ки маблағи 25 ҳазор сомонӣ ё ба ҳамин миқдор ашёи гаронбҳо дар ихтиёр доранд  2.5 дарсад муқарар шудааст; яъне афроди дорои шароит аз ҳар 1000 сомонӣ бояд 25 сомонӣ закот пардохт кунанд.

    Афроде ҳам, ки ба далелҳои шаръӣ тавони рӯза гирифтанро надоранд бояд дар ин маврид ба тавсияи пизишкон амал кунанд .

  Раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон гуфтааст, ки имсол ба далели сафед шудани авзоъи коронаӣ барпоии  намозҳои панҷвақта ва таробеҳ дар масҷидҳои кишвар муҷоз аст, аммо барои намозгузорон доштани ниқобу риояи фосилаи иҷтимоӣ  ҳатмӣ аст ва мутаваллиёни масҷидҳо низ бояд ин марказҳои ибодиро зиддиуфунӣ кунанд.

 

  Бештар бихонед :

 

Барчасп