4 соли интизори бозгашти занону кӯдакони тоҷик аз Сурия
(last modified Mon, 12 Apr 2021 07:20:33 GMT )
Апрел 12, 2021 12:20 Asia/Dushanbe
  • То кунун 89 кӯдаки тоҷик ки падарони онон дар даргирӣ бо артиши Сурия кушта шуда ва модаронашон дар зиндонанд ба Тоҷикистон бозгаштаанд
    То кунун 89 кӯдаки тоҷик ки падарони онон дар даргирӣ бо артиши Сурия кушта шуда ва модаронашон дар зиндонанд ба Тоҷикистон бозгаштаанд

500 нафар аз занону кӯдакони тоҷик дар урдӯгоҳи таҳти контроли гурӯҳҳои курди сурӣ 4 сол аст, ки дар интизори бозгашт ба Тоҷикистон мебошанд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи амрикоии Frontline, акнун занону кӯдакони ДИИШ-иҳои кушташудаи тоҷикистонӣ дар канори хонаводаи ДИИШ-иҳои 8 кишвари дигар дар ду урдӯгоҳ дар Сурия нигаҳдорӣ мешаванд ва талоши Душанбе барои бозгардондани онон ба ҷое нарасидааст .

    Гуфта мешавад, ки 400 зану кӯдаки тоҷик дар урдӯгоҳи Алҳавл, таҳти кантроли низомиёни курд мавсӯм ба нерӯҳои демократии Сурия нигаҳдорӣ мешаванд .

    Дар ин урдӯгоҳ 70 ҳазор нафари овора зиндагӣ мекунанд ва ахиран афзоиши фаъолияти таблиғотии гурӯҳи террористии ДИИШ миёни онон мушоҳида шудааст.

    Хабаргузории русии Интерфакс ахиран аз боздошти 150 ДИИШ-ӣ дар ин урдӯгоҳ ба дасти гурӯҳҳои курди сурӣ хабар дод.

    Аз сӯии дигар гурӯҳҳои курди сурӣ низ омӯзиши низомии писарони аз 12 сол ба болоро оғоз кардаанд, то ононро ба узвияти худ дароваранд .

    Як мақоми масъӯл дар Тоҷикистон ба шарти ифшо нашудани номаш гуфтааст : « Мушкили бозгардондани занону кӯдакони тоҷик аз Сурия ба кишварашон монеътарошии гурӯҳҳои курди Сурия аст, ки тобеъи ҳукӯмати Башор Асад нестанд ва гуфтаанд, ки ин афрод бояд аз тариқи Арбили Ироқ хориҷ карда шаванд .»

    Мақомоти Тоҷикистон ба чанд созмони байналмиллалӣ пешниҳод кардаанд, ки кори хориҷ кардани ин афродро бар уҳда бигиранд, аммо ҳануз посухи мусбате ба ин пешниҳод дода нашудааст .

   Мақомоти Додситонии кули Тоҷикистон мегӯянд наздик ба ду ҳазор нафар аз шаҳрвандони ин кишвар дар солҳои 2014 то 2016 бо пайвастан ба гурӯҳҳои террористӣ ва ба вижа ДИИШ ба Сурияву Ироқ рафтаанд .

 

  Бештар бихонед :