Оғози моҳи Рамазон ва боз ҳам афзоиши нархи хӯрокворӣ дар Тоҷикистон
Монанди солҳои қабл, имсол низ бо фаро расидани моҳи мубораки Рамазон нархи хӯрокворӣ дар бозорҳои Душанбе афзоиш ёфтааст.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи ахбори Осиёи марказӣ, акнун нархи як килограмм гӯшт, ки то моҳи Рамазон 60 сомонӣ буд, ба 65 сомонӣ расидааст.
Ҳамчунин баҳои як халтаи 50 килоии орди навъи якум ба 250 сомонӣ расида ва тухми мурғ, ки то пеш аз фарорасии моҳи мубораки Рамазон 24 то 26 сомонӣ буд акнун 35 сомонӣ ба фурӯш мерасад.
Ҳамзамон афзоиши қимати равғани моеъ ва сабзиҷот низ қобили мулоҳиза аст.
Ин дарҳолест, ки Раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар паёми табрики фарорасии моҳи мубораки Рамазон таъкид карда буд: «Тоҷирону сирватмандон агар дар роҳи савоб кӯшиш намуда дари хайру саховатро боз кунанд ва маҳсӯуоти хешро бо нархи арзонтар ва риояти инсоф ба фурӯш бигузоранд, сазовори дарёфти аҷри азим аз худованд хоҳанд шуд . Дар акси ҳол талош барои касби суди бештар дар моҳи Рамазон гуноҳест, ки дар дини мубини ислом маҳкум карда мешавад. »
Бо ин ҳол фурӯшандагони мавод ғизоӣ мӯътақиданд, ки афзоиши нархҳо ба онон иртибот надорад ва худ низ маҳсулотро гарон дарёфт мекунанд.
Аз нигоҳи онон танҳо роҳи коҳиши нархҳо дар моҳи мубораки Рамазони муъоф кардани тавлидкунандагон аз пардохти молиёт аст.
Бештар бихонед: