Маскав дар Тоҷикистон маркази ҷазби коргарони муҳоҷир ифтитоҳ мекунад
Шаҳрдории Маскав дар ояндаи наздик барои таъмини ниёзи худ ба нерӯи кор, дар Тоҷикистон маркази ҷазби коргари муҳоҷир таъсис мекунад.
Ба гузориши сомонаи “Спутник”, Владимир Ефимов, муовини шаҳрдори Маскав гуфтааст, ки ҳадаф аз ин иқдом ҷазби созмонёфтаи коргарони муҳоҷири тоҷик бар асоси ниёзи шаҳрдории Маскав аст, ки дар ин замина мутахассисон дар авлавият қарор хоҳанд дошт.
Ба гуфтаи ин мақоми рус, гузиниши коргарони мавриди ниёзи шаҳрдории Маскав дар ин марказ бар асоси озмуну ҳазинаи интиқол, искон дар хобгоҳ ва се ваъдаи ғизои рӯзонаи ин афрод низ бар ӯҳдаи тарафи русӣ хоҳад буд.
Бо ин ҳол, муовини шаҳрдори Маскав дар бораи бозкушоии марзҳои заминии Русия гуфтааст, ки ҳанӯз ҳеч тасмиме дар ин маврид гирифта нашуда ва ин мавзуъ ба беҳбуди авзои коронаӣ бастагӣ хоҳад дошт.
Аз сӯйи дигар эълом шуд, ки намояндагони ширкати ТехСтрой акнун дар Узбакистон ҳузур доранд ва охирҳои ин ҳафта барои гузиниши коргарони тоҷик нахуст ба Хуҷанд ва сипас ба Душанбе сафар хоҳанд кард.
Дар пайи густариши вируси корона бахши сохтмонсозии Русия, ки коргарони муҳоҷир, аз ҷумла тоҷикҳо дар он фаъол буданд, акнун бо камбуди якуним миллионнафарии нерӯи кор рӯ ба рӯ шудааст.
Бештар бихонед:
-
Парвози нахустин гурӯҳи коргарони сохтмонсозии тоҷик ба Иркутски Русия
- Сафари коргарони муҳоҷири тоҷик ба Русия аз бероҳаҳо