Апрел 17, 2021 10:33 Asia/Dushanbe
  • Иззат Амон дар қаллобӣ айбдор мешавад.
    Иззат Амон дар қаллобӣ айбдор мешавад.

Наздикони Иззат Амон, вакил мудофеи коргарони муҳоҷири тоҷик, ки дар паи ихроҷ аз Русия дар Душанбе боздошт шуд, гуфтаанд, ки вай рўзи 17 апрел ба СИЗО мунтақил ва муддати тафтиши ӯ се моҳ тамдид шудааст.

Ба нақл аз сомонаи Тоҷвик, феълан иттиҳоми Иззат Амон қаллобӣ эълом шудааст ва даъвогарон мегӯянд, ки ӯ дар Русия барои дифоъ аз ҳуқуқи зиндониёни тоҷик аз наздикони онон ҳақи ваколат гирифта, вале барои онҳо коре анҷом надодааст.

Аммо наздикони Иззат Амон таъкид мекунанд, ки вай бештари ин афродро намешиносад ва ба назар мерасад, раванди шоҳидсозӣ алайҳи ин мудофеи ҳуқуқи коргарони муҳоҷир дар Русия оғоз шудааст.

Чанде пеш Додгоҳи шаҳри Маскав бо судури ҳукме, гузарномаи русии Иззат Амонро лағв ва ӯро бар асоси банди 18 қонуни ҷиноии Русия марбут ба нақзи қавонини кору зиндагӣ дар ин кишвар ба пардохти ҷарима ва истирдод ба Тоҷикистон маҳкум кард.

Ин дар ҳолест, ки Вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон эълом кардааст, ки алайҳи вай ба иттиҳоми қаллобӣ парвандаи ҷиноӣ ташкил ва ӯ ба маҳзи вуруд ба Душанбе боздошт шудааст.

Иззат Амон, донишомӯхтаи Донишгоҳи Академияи илмҳоии сиёсии Вазорати хориҷаи Русия аст, ки дар соли 1996 табааи ин кишвар шуд ва аз соли 2000 сокини Маскав буд.

Бештар бихонед:

 

Барчасп