Ҳушдори Русия аз депорти 247 ҳазор тоҷикистонӣ
(last modified Sat, 17 Apr 2021 06:52:26 GMT )
Апрел 17, 2021 11:52 Asia/Dushanbe
  • Ин афрод бояд то 15 июн иқомати худ дар Русияро расмӣ кунанд
    Ин афрод бояд то 15 июн иқомати худ дар Русияро расмӣ кунанд

Вазорати умури дохилии Русия аз кишварҳои ИДМ хост, бо шаҳрвандонашон, ки дар қаламрави Русия ғайриқонунӣ қарор доранд, корҳои фаҳмондадиҳӣ баранд, то кор ба ихроҷи маҷбурияшон накашад.

Ба нақл аз Sputnik, Александр Горовой, ноиби аввали вазири умури дохилии Русия дар ҷаласаи Ассамблеяи байнипарлумонии кишварҳои ИДМ изҳор дошт, ки феълан ҳудуди 1 миллион шаҳрвандони ин давлатҳо ғайриқонунӣ дар Русия мебошанд.

“Агар мо бо шумо ин теъдодро то 15 июн бартараф насозем, ин шаҳрвандон метавонанд ба ҷавобгарӣ кашида шаванду кор то то ихроҷу бастани марзҳо кашад”, - изҳор дошт ӯ.

Горовой зикр намуд, ки татбиқи муҷозот нисбати шаҳрвандони хориҷӣ, барои нақзи қоидаҳои муҳоҷират мутаваққиф шудааст.

Ба иттилои ВУД, айни ҳол дар Русия ҳудуди 247 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон ғайриқонунӣ қарор доранд.

Манбаъ афзуд, дар қаламрави Русия инчунин 120 ҳазор шаҳрванди Озарбойҷон, 61 ҳазор шаҳрванди Арманистон, 332 ҳазор аз Ӯзбекистон ва 152 ҳазор аз Украина ғайриқонунӣ қарор доранд.

Қаблан бар асоси фармони раисиҷумҳури Русия муҳлати санадҳои будубоши шаҳрвандони хориҷӣ дар қаламрави кишвар то 15 июни 2021 тамдид карда шуда, татбиқи ҷазо барои нақзи қоидаҳои будубош мутаваққиф гардид. Инчунин муқаррароте мавриди амал қарор мегирад, ки мувофиқи он муҳоҷирон метавонанд патентро бидуни убури марзи кишвар тамдид кунанд.

Бештар бихонед: