Душанбе мизбони вазирони дифо ва дабирони амнияти СПАД 
(last modified Sat, 24 Apr 2021 13:40:41 GMT )
Апрел 24, 2021 18:40 Asia/Dushanbe
  • Раёсати давраии СПАД дар соли 2021 ба Тоҷикистон вогузор шуда аст
    Раёсати давраии СПАД дар соли 2021 ба Тоҷикистон вогузор шуда аст

Шаҳри Душанбе, пойтахти Тоҷикистон рӯзҳои 27 ва 29 апрел мизбони нишасти вазирони дифо ва дабирони амнияти кишварҳои узви Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ(СПАД) хоҳад буд.

Ба гузориши сомонаи Спутник, дар ин ду нишасти ҷудогона роҷеъ ба авзоъи амниятии минтақа ва бавижа таҳаввулоти Афғонистон, барномаи муборизаи муштараки кишварҳои узви ин созмон бо тероризм, ҷинояти созмонёфта, қочоқи маводи мухаддир ва созшномаи ҳамкорӣ барои соли 2021 баҳсу табодули назар хоҳад шуд.

Нишасти Шӯрои вазирони дифои кишварҳои узви ин созмон рӯзи 27 апрел ба раёсати генерал Шералӣ Мирзо, вазири дифои Тоҷикистон бо ҳузури ҳамтоёни вай аз Арманистон, Беларус, Русия, Қазоқистону Қирғизистон баргузор мешавад.

Ҳамчунин нишасти дабирони амнияти кишварҳои узви ин созмон ба раёсати Насруллоҳ Маҳмудзода, дабири Шӯрои амнияти Тоҷикистон рӯзи 29 апрел баргузор мешавад.

Дидори вазирони дифо ва дабирони амнияти кишварҳои узви ин бо Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳурии Тоҷикистон низ барномарезӣ шудааст.

Раёсати давраи Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ дар соли 2021 ба Тоҷикистон вогузор шудааст.

Бештар бихонед: