Апрел 26, 2021 10:06 Asia/Dushanbe
  • Станислав Зас барои ширкат дар ду нишасти вазирони дифо ва дабирони Шӯрои амнияти кишварҳои узви Созмони паймони амнияти ҷамъӣ ба Тоҷикистон омада аст
    Станислав Зас барои ширкат дар ду нишасти вазирони дифо ва дабирони Шӯрои амнияти кишварҳои узви Созмони паймони амнияти ҷамъӣ ба Тоҷикистон омада аст

Дабири кулли Созмони паймони амнияти ҷамъӣ аз марзи муштараки Тоҷикистону Афғонистон боздид кард .

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи Созмони паймони амнияти ҷамъӣ, Станислав Зас, ки барои ширкат дар ду нишасти вазирони дифоъ ва дабирони Шӯрои амнияти кишварҳои узви Созмони паймони амнияти дастаҷамъӣ ба Тоҷикистон омадааст, аз ду посгоҳи марзии ин кишвар бо Афғонистон дар вилоятҳои Хатлону Бадахшон боздид кард .

  Вай ба ҳамроҳи Нусратуллоҳ Маҳмудзода- дабири Шӯрои амнияти Тоҷикистон бо шароити хизмати марзбонони тоҷик, навъҳои гуногуни таҷҳизоту силоҳҳои қисмҳои размӣ ва васоили ҳифозатӣ дар ду минтақаи Шӯробод ва Қалъаи Хумб дар марзи Афғонистон ошно шуд .

  Шаҳри Душанбе-пойтахти Тоҷикистони рӯзҳои 27 ва 28 апрел мизбони нишасти вазирони дифоъ ва дабирони амнияти кишварҳои узви Созмони паймони амнияти дастаҷамъӣ хоҳад буд .

 Дар ин ду нишасти ҷудогона дар бораи авзоъи амниятии минтақа ва ба вижа таҳаввулоти Афғонистон, барномаи муборизаи муштараки кишварҳои узви Созмони паймони амнияти ҷамъӣ бо тероризм, ҷинояти созмонёфта, қочоқи маводи мухаддир ва созишномаи ҳамкорӣ барои соли 2021 баҳсу табодули назар хоҳад шуд .

   Арманистон, Беларус, Тоҷикистон, Русия, Қазоқистон ва Қирғизистон аъзои Созмони паймони амнияти дастаҷамъӣ мебошанд, ки раёсати давраии он дар соли 2021 бар уҳдаи Тоҷикистон аст .

 

  Бештар бихонед :

 

Барчасп