Ду бозикуни Истиқлоли Душанбе дар ҷамъи беҳтарин бозикунони Лигаи қаҳрамонони Осиё
Ду бозикуни даста(тим)и Истиқлоли Душанбе дар ҷамъи 5 бозикуни бартари ҳафтаи чаҳоруми марҳалаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонони Осиё қарор гирифтанд .
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сайти Конфедерасиюни футболи Осиё, 5 бозикуни бартари ҳафтаи чаҳоруми марҳалаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонони Осиё муаррифӣ шуданд, ки ду бозикун аз Истиқлоли Тоҷикистон дар садри ин феҳрист қарор доранд .
Дар ин феҳрист Манучеҳр Ҷалилов бо имтиёзи 8.9 садрнишин аст .
Вай дар дидор муқобили Алҳилол, ки бо натиҷаи торихии 4 бар 1 ба суди сурхпушони Тоҷикистон ба поён расид, ду бор дарвозаи ҳарифи саъудиро боз кард .
Дар радаи дувум ҳам дигар бозикуни Истиқлоли Тоҷикистон ,Манучеҳр Сафаров қарор дорад, ки ӯ ҳам муқобили Алҳилол ду гол зад ва имтиёзи 8.5-ро ба даст овард .
Ҷалолиддин Машарифов-бозикуни узбекистонии тими Шабоб Алаҳлии Аморот низ бо 8.1 имтиёз дар ҷойгоҳи сеюм аст .
Майкл Алунгаи - бозикуни Аддуҳайли Қатар ва Шоҳрух Гадоев -бозикуни тими узбекистонии AGMK низ дар ин радабандӣ чаҳорум ва панҷум ҳастанд .
Тими Истиқлоли Тоҷикистон дар марҳалаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонони Осиё рӯзи сешанбе ба дидори тими Шабоб Алаҳлии Аморот хоҳад рафт .
Бештар бихонед:
-
Рақиби "Истиқлол"-и Душанбе дар Лигаи қаҳрамонони Осиё дархости мизбонӣ дод
-
Истиқлоли Тоҷикистон рақиби узбекистониро шикаст дод +( хулосаи бозӣ)