Апрел 26, 2021 13:23 Asia/Dushanbe
  • Манучеҳр  Ҷалилов ва Манучеҳр Сафаров аз ҷумлаи беҳтаринҳои ҳафтаи чаҳоруми Лигаи қаҳрамонони Осиё
    Манучеҳр Ҷалилов ва Манучеҳр Сафаров аз ҷумлаи беҳтаринҳои ҳафтаи чаҳоруми Лигаи қаҳрамонони Осиё

Ду бозикуни даста(тим)и Истиқлоли Душанбе дар ҷамъи 5 бозикуни бартари ҳафтаи чаҳоруми марҳалаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонони Осиё қарор гирифтанд .

  Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сайти Конфедерасиюни футболи Осиё, 5 бозикуни бартари ҳафтаи чаҳоруми марҳалаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонони Осиё муаррифӣ шуданд, ки ду бозикун аз Истиқлоли Тоҷикистон дар садри ин феҳрист қарор доранд .

    Дар ин феҳрист Манучеҳр  Ҷалилов бо имтиёзи 8.9 садрнишин аст .

    Вай дар дидор муқобили Алҳилол, ки бо натиҷаи торихии 4 бар 1 ба суди сурхпушони Тоҷикистон ба поён расид, ду бор дарвозаи ҳарифи саъудиро боз кард .

    Дар радаи дувум ҳам дигар бозикуни Истиқлоли Тоҷикистон ,Манучеҳр Сафаров қарор дорад, ки ӯ ҳам муқобили Алҳилол ду гол зад ва имтиёзи 8.5-ро ба даст овард .

   Ҷалолиддин Машарифов-бозикуни узбекистонии тими Шабоб Алаҳлии Аморот низ бо 8.1 имтиёз дар ҷойгоҳи сеюм аст .

 Майкл Алунгаи - бозикуни Аддуҳайли Қатар ва Шоҳрух Гадоев -бозикуни тими узбекистонии AGMK низ дар ин радабандӣ чаҳорум ва панҷум ҳастанд .

   Тими Истиқлоли Тоҷикистон дар марҳалаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонони Осиё рӯзи сешанбе ба дидори тими Шабоб Алаҳлии Аморот хоҳад рафт .

 

Бештар бихонед:

 

Барчасп