Апрел 26, 2021 19:59 Asia/Dushanbe
  • Дар ҳоли ҳозир матни 29 созишномаи ҳамкорӣ байни ду кишвар баррасӣ мешавад
    Дар ҳоли ҳозир матни 29 созишномаи ҳамкорӣ байни ду кишвар баррасӣ мешавад

Ҳаштумин нишасти Комиссияи муштараки ҳамкориҳои иқтисодӣ ва тиҷории Тоҷикистон ва Узбекистон моҳи майи имсол дар шаҳри Тошканд баргузор мешавад.

 Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи Ховар, Завқӣ Завқизода ва Лазиз Қудратов вазирони рушди иқтисод ва тиҷорати Тоҷикистон ва Узбекистон, ки дар нишасти ҳайати муштараки иқтисодии ду кишвар дар шаҳри Хуҷанд ҳузур доштанд бо эъломи ин хабар изофа карданд: Дар ин нишаст  роҷеъ ба тақвияти ҳамкориҳои иқтисодӣ ва тиҷорӣ, обу энержӣ, саноат ва сармоягузорӣ, беҳдоштӣ ва омӯзишӣ,   гардишгарӣ миёни Тоҷикистону Узбекистони баҳс ва табодули назар мешавад. 

Узбекистон сеюмин шарики муҳими тиҷории Тоҷикистон аст ва арзиши муомилоти тиҷории ду кишвар дар соли 2020 ба 338 миллиону 800 ҳазор доллар расид. 

Гуфта мешавад, ки ҳамакнун матни 29 созшномаи ҳамкории миёни ин ду кишвар дар ҳоли баррасӣ аст, ки даҳум то давоздаҳуми июн дар сафари Раиси Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев ба Душанбе имзо хоҳад шуд. 

Ин чаҳорумин сафари Мирзиёев ба Тоҷикистон  пас аз интихоби вай ба унвони Раиси Ҷумҳурии Узбекистон дар соли 2016 хоҳад буд.

 

Бештар бихонед:

Барчасп