Апрел 27, 2021 19:04 Asia/Dushanbe
  • Бастагони Дониёр Набиев гуфтаанд, вай ба далели гирифтор будан ба бемории сил феълан ниёз ба дармон ва истироҳат дорад
    Бастагони Дониёр Набиев гуфтаанд, вай ба далели гирифтор будан ба бемории сил феълан ниёз ба дармон ва истироҳат дорад

Наздикони Дониёр Набиеви 81 сола ва узви собиқи ҳизби фаъолияташ дар Тоҷикистони мамнӯъ эълом шудаи Наҳзати исломӣ, ки рӯзи 23 апрел аз зиндон озод шуд, иҷозаи дидор ва гуфтугӯи хабарнигорон бо ӯро надоданд.

Ба гузориши сомонаи Топ тҷ, дар пайи озодии Дониёр Набиев гурӯҳе аз хабарнигорони дохилӣ ва хориҷӣ барои анҷоми мусоҳиба бо вай ба маҳалаи Гулбутаи ноҳияи Рӯдакӣ рафтанд, аммо бастагони ӯ чунин иҷозаро надоданд.

Онон эълом кардаанд, ки Набиев аз бемории сил ранҷ мебарад ва ниёз ба дармон дорад ба ин далел феълан дидор ва гуфтугӯ бо ӯ мумкин нест.

Набев, ки моҳи августи соли 2020 боздошт шуда буд, 28 декабри ҳамонсол бо ҳукми додгоҳи ноҳияи Рӯдакӣба иттиҳоми "интиқоли манобеи молии хадамоти амниятии бархе аз кишварҳои хориҷӣ барои ҷазби ҷавонон ба гурӯҳҳои террористӣ ва ифротӣ ва интишори маводи таблиғотӣ" ба 7 сол зиндон маҳкӯм шуд.

Дар пайи маҳкӯмияти Набиев, дафтари матбуотии Вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон дар баёниияе муддаӣ шуд, ки вай аз тариқи ноҳияи марзии Панҷ ба гурӯҳи террористии ҷамоати Ансоруллоҳ дар Афғонистон, ки бо ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон иртибот дорад, кумаки молӣ ирсол кардааст.

Ин ҳизб таъкид кардааст, Набиев узви 81 солаи собиқи ин ҳизб ба ҷурми таҳвили кумакҳои ғизоӣ ба хонаводаҳои зиндониёни ҳизб ба зиндон маҳкум шуд.

 

Бештар бихонед:

 

Барчасп