Муовини вазири дифои Тоҷикистон: расонаҳо аз Артиши миллӣ чеҳраи зишт сохтаанд
(last modified Wed, 28 Apr 2021 13:36:28 GMT )
Апрел 28, 2021 18:36 Asia/Dushanbe
  • Собирзода : фирор аз сарбозӣ натиҷаи тарбияти бади хонаводаҳо ва таблиғи нодурусти расонаҳост
    Собирзода : фирор аз сарбозӣ натиҷаи тарбияти бади хонаводаҳо ва таблиғи нодурусти расонаҳост

Муовини аввали вазири дифои Тоҷикистон дар тавҷеҳи амалкарди артиши ин кишвар барои муқобила бо хушунат дар нерӯҳои мусаллаҳ, ангушти иттиҳомро ба самти расонаҳои Тоҷикистон нишона гирифт ва онҳоро дар тарсими фазои хушунат дар даврони хизмати сарбозӣ муқассир донист.

Ба гузориши сомонаи Топ Тҷ, генерал Эмомалӣ Собирзода ҳангоми ироаи тарҳи ислоҳи қонуни хидмати сарбозӣ дар Маҷлиси намояндагони ин кишвар гуфт, вуҷӯди хушунат дар нерӯҳои мусаллаҳ ва фирори ҷавонон аз хизмати сарбозӣ натиҷаи тарбияти бади ҷавонон дар хонаводаҳо ва таблиғи нодурусти ин мавзӯ дар расонаҳои хабарӣ аст, ки аз Артиши миллӣ чеҳрае зишту маконе барои бадрафторӣ бо сарбозон сохтааст.

Муовини аввали вазири дифои Тоҷикистон бо интиқод аз амалкарди расонаҳои хабарии Тоҷикистон таъкид кардааст, ки Артиши миллии Тоҷикистон дар ҳифзи истиқлолу тамомияти арзии ин кишвар ва дифо дар баробари навъи тааррузи бегона, ҷонфишонӣ мекунад, аммо рӯзноманигорон ин воқеъиятро нодида мегиранд.

Мавзӯи вуҷӯди хушунат дар нерӯҳои мусаллаҳ ва фирори ҷавонон аз хизмати сарбозӣ дар Тоҷикистонро дар ин ҷаласа Саидҷаъфар Усмонзода, раиси Ҳизби демократ ва намояндаи порлумони Тоҷикистон матраҳ кард.

Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон бо ислоҳи қонуни хидмати ҳарбӣ барои ҷавононе, ки бо дарёфти эҳзория аз муаррифии худ ба идороти ҳарбӣ худдорӣ мекунанд, 600 сомонӣ ҷарима таъин кардааст.

Бештар бихонед: