Апрел 29, 2021 10:27 Asia/Dushanbe
  • Марзбонии Тоҷикистон дар баёнияи худ мегӯяд дар низоъи марзӣ рӯзи 28 апрел қирғизҳо ба сӯи тоҷикҳо сангпарронӣ карданд
    Марзбонии Тоҷикистон дар баёнияи худ мегӯяд дар низоъи марзӣ рӯзи 28 апрел қирғизҳо ба сӯи тоҷикҳо сангпарронӣ карданд

Маркази матбуотии нерӯи марзбонии Тоҷикистон бо инт ишори баёнияе масъулони ноҳияи Ботканди Қирғизистонро ба ишғоли обанбор ва барангехтани шӯриш асри рӯзи чоршанбеи 28 апрел муттаҳам кард.

 Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи Ховар, дар ин баёния таъкид шудааст, ки тарафи Тоҷикистон қасд дошт барои назорат бар мизони бардошти об аз обанбори муштарак, ки дар рустои  Хоҷаи Аълои ноҳияи Исфара воқеъ шудааст, дурбинҳои назоратӣ насб кунад, аммо теъдоде аз сокинони ноҳияи Ботканд ва шахси  раиси ин минтақа Араз Оқил Беков, бо таҷаммӯъ дар ин маҳал ба сӯи  сокинони рустои  Хоҷа  Аъло санг парронданд. 

Ин кори қирғизҳо мӯҷиби захмӣ шудани 7 табааи Тоҷикистон гардид. 

 

Ин баёния меафзояд: «Ҷониби Қирғизистон барои доман задан ба даргириҳо низомиёни воҳиди вижаро бо пӯшондани либоси шахсӣ мавриди истифода қарор медиҳад.» 

Маркази матбуотии нерӯи  марзбонии Тоҷикистон дар баёнияи худ ҳамчунин таъкид мекунад, ки бар асоси қарордоди солҳои 1924, 1927 ва 1989, обанбори деҳаи  Хоҷа Аъло ба Тоҷикистон таъаллуқ дорад ва ҳеч деҳаи  қирғизнишин дар наздикии он воқеъ нашудааст. 

Аммо дар сӯи дигари моҷаро, нерӯи  марзбонии Қирғизистон муддаист марзбонони тоҷик қасд доштанд ин дурбинҳоро рӯй тирҳои барқи деҳаи Оқсой, ки ҳануз аломатгузории марзии он анҷом нашудааст насб кунанд ва сокинони маҳаллӣ ба ин иқдом эътироз кардаанд. 

Онҳо ҳамчунин мегӯянд, ки бо тирпарронии марзбонони тоҷикистонӣ як қирғиз аз ноҳияи чашм захмӣ шудааст.

 Дар пайи ду даҳаи музокироти мақомоти ду кишвар барои ҳалли ихтилофоти марзии Тоҷикистон ва Қирғизистон, фақат 520 километр аз марзи 970 километрии ду кишвар  аломатгузорӣ шудааст, ки ин мавзӯ  низоъҳои гоҳ ба гоҳи сокинони манотиқи ду сӯи  марзро дар пай дорад.

 

Бештар бихонед:

Барчасп