Сӯхтор дар маркази сӯхтгирӣ дар Душанбе 29 захмӣ барҷо гузошт
-
Вазъи 5 нафар аз маҷрӯҳони ин ҳодиса вахим аст
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон сӯхтор ва таркиши нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ дар шаҳри Душанберо шарҳ дод.
Ба нақл аз дафтари матбуотии Кумитаи ҳолатҳои фавқулъодаи Тоҷикистон, бар асари нақзи қоидаҳои бехатарӣ аз сӯхтор 1 майи соли 2021 тахминан соати 18-30 дақиқа дар нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ дар маҳаллаи Испечак 2-и ноҳияи Синои шаҳри Душанбе, сӯхтор ба амал омад.
Умедаи Юсуфӣ, сухангуии Кумитаи ҳолатҳои фавқулъодаи Тоҷикистон вазъи 5 нафар аз маҷрӯҳонро вахим арзёбӣ кардааст.
Бар асари ҳодиса дар масоҳати 90 метри мураббаъ нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ бо зиёда аз 60 тонна маводи сузишворӣ оташ гирифт.
Манбаъ таъкид кард, ки айни ҳол аз тарафи мутахассисони Хадамоти давлатии оташнишонии ВКД ва дигар ниҳодҳои дахлдор таҳқиқи ҷои ҳодиса давом дорад.