Омодагии Эрон ва Тоҷикистон барои баргузории нишасти комиссияи байнидавлатӣ
(last modified Fri, 07 May 2021 11:39:31 GMT )
Май 07, 2021 16:39 Asia/Dushanbe
  • Омодагии Эрон ва Тоҷикистон барои баргузории нишасти комиссияи байнидавлатӣ
    Омодагии Эрон ва Тоҷикистон барои баргузории нишасти комиссияи байнидавлатӣ

Тоҷикистон ва Эрон мавзӯи омодагӣ барои нишасти баъдии комиссияи байнидавлатии ҳамкориҳои тиҷорӣ, иқтисодӣ, фаннӣ ва фарҳангии ду кишварро баррасӣ карданд.

 Ба гузориши радиои тоҷикии Садои  Хуросон ба нақл аз дафтари матбуотии Вазорати корҳои хориҷаи Тоҷикистон,   сафири Тоҷикистон дар Теҳрон Низомиддин Зоҳидӣ бо муовини вазири нафти Ҷумҳурии Исломии Эрон Амирҳусейни Замониниё мулоқот кард. 

Ду тараф дар ин дидор дар бораи тавсеаи ҳамкориҳои дуҷониба гуфтугӯ карданд. 

Дар ин мулоқот ҳамчунин масоили омодагӣ ба баргузории чаҳордаҳумин  иҷлоси камиссияи байнидавлатии ҳамкориҳои тиҷорӣ, иқтисодӣ, фаннӣ ва фарҳангии байни ду кишвар  мавриди баҳсу баррасӣ қарор гирифт. 

Баргузории комиссияи ёдшуда барои нимаи аввали моҳи июни 2021 барномарезӣ шудааст.

 

Бештар бихонед: