Боздиди Ҷабборов аз марзи муштараки Қирғизистон ва Тоҷикистон
(last modified Sat, 08 May 2021 05:50:41 GMT )
Май 08, 2021 10:50 Asia/Dushanbe
  • Боздиди Ҷабборов аз марзи муштараки Қирғизистон ва Тоҷикистон

Маркази тақсими об, машҳур бо номи "Головной", ки сабаби муноқишаи мусаллаҳона марзӣ миёни Тоҷикистону Қирғизистон шуд, таҷдид хоҳад шуд.

Ба нақл аз шабакаи Ти Ор Ти, раисҷумҳури Қирғизистон Содир Ҷабборов дастур дод, Маркази тақсими об, машҳур бо номи "Головной", ки дар марзи Тоҷикистон ҷойгир аст, навсозӣ шавад.

Ҷабборов нияти бозсозии Маркази тақсими об, "Головной", ки боиси муноқишаи мусаллаҳона миёни ду кишвар шуд, ҳангоми сафари худ ба вилояти Бодканди Қирғизистон, эълом кардааст.

Бозсозии "Головной"-ро кормандони мақомоти дахлдори давлатӣ анҷом медиҳанд.

Ҷабборов инчунин ба сохтмони шаҳраки низомӣ дар минтақаи Лейлек оғоз бахшид ва дар майдони машқӣ низомии Буҷум дар назди низомиён суханронӣ кард.

Раисҷумҳури Қирғизистон гуфт, ки давлат уҳдадориҳои иҷтимоии худро дар назди қувваҳои мусаллаҳ иҷро хоҳад кард.

Дар даргириҳои 28 ва 29 апрел дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон, аз ҳар дутараф даҳҳо нафар кушта ва захмӣ шуданд.

Тоҷикистону Қирғизистон 970 километр марзи муштарак доранд, ки ҳудуди 450 километр аз он ҳануз аломатгузорӣ нашудааст.

Бештар бихонед: