Назорат бар фаъолияти радио ва телевизионҳои мустақил дар Тоҷикистон шиддат гирифт
Кумитаи давлатии пахши телевизиони Тоҷикистон бо эълони муқаррароти нави тамдиди муҷаввизи радио ва телевизиони мустақили кишвар назорати васоити ахбори оммаро шадидтар кард.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи Топ Тиҷӣ, бар ин асос аз ин пас шабакаҳои радиоӣ ва телевизионҳои мустақил дар Тоҷикистон муваззаф мешаванд, ки қабл аз пахш, матни тамоми барномаҳои худро дар ихтиёри комитети давлатии радио ва телевизиони ин кишвар қарор диҳанд ва танҳо пас аз муҷаввизи ин ниҳод метавонанд иқдом ба таҳия ва пахши барнома кунанд.
Гуфта мешавад, ки дар сурати худдорӣ аз иҷрои ин муқаррарот муҷаввизи фаъолияти ин расонаҳо лағв хоҳад шуд.
Ҳамчунин ширкати намояндагони расонаҳои мустақил дар нишастҳои мақомоти комитети давлатии радио ва телевизион дар Тоҷикистон илзомист.
Аз дидгоҳи коршиносон ин иқдом ҷойгоҳи Тоҷикистонро дар радабандии ҷаҳонии озодии баёни бадтар хоҳад кард.
Бар асоси гузориши созмони хабарнигорони бидуни марз ҳамакнун Тоҷикистон дар миёни 180 кишвари ҷаҳон ҷойгоҳи саду шасту дувумро дар озодии баён дорад.
Нуриддин Қаршибоев, мудири анҷумани миллии расонаҳои хабарии мустақили Тоҷикистон дар ин маврид мегӯяд: Ин муқаррарот бо қонуни фаъолияти радио ва телевизион дар ин кишвар дар тазод аст ва бояд ин иқдоми Комитеи давлатии радио ва телевизиони Тоҷикистон дар додгоҳ бекор шавад.
Ҳамчунин коршиноси умури расона Абдулмалик Қодиров дар Тоҷикистон мӯътақид аст ки ин иқдом бар радио ва телевизионҳои мустақили ин кишвар бори молии вазнин таҳмил мекунад, зеро ин расонаҳо бояд илова бар пардохти молиёт, 1 дарсад аз даромади худро ба ҳисоби Комитеи давлатии радио ва телевизиони Тоҷикистон вориз кунанд.
Ба гуфтаи вай қимати дарёфти муҷаввиз дар соли наздик ба ҳазору 200 доллар таъин шудааст, ки 20 дарсад афзоиш ёфтааст, дарҳоле, ки дар шароити густариши вируси корона расонаҳои мустақили Тоҷикистон бо буҳрони молии ҷиддӣ рӯ ба рӯ шудаанд.
Бештар бихонед: