Корхонаи сохти таҷҳизоти пизишкӣ дар Душанбе ифтитоҳ шуд
(last modified Sun, 16 May 2021 06:54:59 GMT )
Май 16, 2021 11:54 Asia/Dushanbe
  • Бо баҳрабардорӣ аз ин корхона барои 200 нафар шуғл фароҳам шуда аст
    Бо баҳрабардорӣ аз ин корхона барои 200 нафар шуғл фароҳам шуда аст

Раиси ҷумҳӯрии Тоҷикистон ба ҳамроҳи фарзандонаш аз корхонаи сохти таҷҳизоти пизишкӣ дар шаҳри Душанбе баҳрабардорӣ карданд .

  Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи Спутник, Эмомалӣ Раҳмон ба ҳамроҳи Рустами Эмомалӣ-раиси Маҷлиси миллӣ ва шаҳрдори Душанбе, Озода Раҳмон- раиси дастгоҳи раёсати ҷумҳӯрӣ ва Ҷамолиддин Абдуллоҳзода-вазири тандурустии Тоҷикистон корхонаи мавсум ба " Ориё медикал "-ро ифтитоҳ карданд .

Ин корхонаро соҳибкор Файзалӣ Ҳоҷиев сохтааст ва аз зарфияти тавлиди солона 400 ҳазор дона сӯзандору, 138 ҳазор даст  либоси ҳифозатии пизишкӣ, 273 ҳазор адад ниқоб ва маҳлулҳои зиддиуфуникунанда бархурдор аст .

Ин корхона дар замине ба масоҳати наздик ба як гектар таъсис ва бо баҳрабардорӣ аз он барои 200 нафар шуғл фароҳам шудааст .

Гуфта мешавад, ки таҷҳизоти ин корхона аз Олмон, Лаҳистон ва Жопун ворид ва насб шудааст . Пешбинӣ мешавад, ки дар оянда бо тавсеъаи ин корхона заминаи тавлиди солона 150 миллион адад сӯзандору ,100 миллион адад ниқоб ва маҳлӯлҳои зиддиуфуникунанда фароҳам шавад .

    

  Бештар бихонед :