Намоишгоҳи муаррифии донишгоҳҳои Русия дар Душанбе ва Хуҷанд
Намоишгоҳи муаррифии донишгоҳҳои Русия барои ихтиёриёни тоҷик, ки ба ин марказҳои омӯзишӣ ворид мешаванд, аз имрӯз дар Душанбе ва Хуҷанд ду рӯз баргузор мешавад.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи Спутник, ин нуҳумин намойишгоҳест, ки дар Тоҷикистон бо унвони " омӯзишҳои олии Русия дар Тоҷикистон - 2021 ” бо ҳадафи ошноии довталабони тоҷик, ки қасд доранд дар 25 маркази омӯзишии Русия таҳсил кунанд, баргузор мешавад.
Довталабон метавонанд дар боздид аз ин намоишгоҳ бо шароити вуруд ба донишгоҳҳои Русия бар асоси риштаҳои мавриди алоқаи худ ва имконоти таҳсилӣ ва рифоҳӣ ошно шаванд.
Ҳамчунин дар ин намоишгоҳ имконоти намояндагиҳои 4 донишгоҳи Русия, ки дар Тоҷикстон фаъолият мекунанд, муаррифӣ хоҳад шуд.
Ба гуфтаи масъулони Созмони ҳамкории байналмилалии таҳсилоти Русия, шумораи довталабони тоҷик, ки ба донишгоҳҳои Русия ворид мешаванд, сол то сол меафзояд.
Қаблан сафири Русия Игор Фролов дар Тоҷикистон гуфта буд, ки ҳар сол беш аз ҳазор донишҷӯи тоҷик барои таҳсил ба донишгоҳҳои ин кишвар эъзом мешаванд.
Ба гуфтаи вай, ҳамакнун ҳашт ҳазор нафар аз донишҷӯёни тоҷик дар шӯъбаҳои донишгоҳҳои давлатии Маскав, донишгоҳи иқтисод ва донишгоҳи муштараки Русия ва Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе ва беш аз 20 ҳазор донишҷӯи тоҷик дар донишгоҳҳои Русия дар ҳоли таҳсил ҳастанд.
Бештар бихонед: