Май 19, 2021 09:34 Asia/Dushanbe
  • Сергей Лавров дар Тоҷикистон бо мақомҳои олирутбаи Душанбе низ дидор мекунад
    Сергей Лавров дар Тоҷикистон бо мақомҳои олирутбаи Душанбе низ дидор мекунад

Вазири корҳои хориҷаи Русия барои ширкат дар нишасти Шӯрои вазирони хориҷаи кишварҳои узви Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ вориди Душанбе шуд.

 Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи Тоҷ Вик, Сергей Лавров дар нишасти имрӯз ( 19 май ) вазирони корҳои хориҷаи кишварҳои узви Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ, ки ба раёсати  вазири хориҷаи Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин дар шаҳри Душанбе баргузор мешавад, ширкат ва суханронӣ хоҳад кард. 

Дар ин нишаст вазирони корҳои хориҷаи Русия, Беларус, Арманистон, Қазоқистон ва Қирғизистон ба мизбонии  вазири хориҷаи Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин дар бораи ҳамкории кишварҳои узв дар мавзӯи авзоъи Афғонистон, амнияти Осиёи марказӣ,муборизаи муштарак бо тероризм, ифротгарӣ, бондҳои фаромиллии қочоқи маводи мухаддир  баҳсу табодули назар хоҳанд кард. 

Ҳамчунин Раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон  бо вазирони умури хориҷаи кишварҳои узви СПАД дидор хоҳад кард. 

Интизор меравад, ки дар нишасти Душанбе созшномаи ҳамкории кишварҳои узви ин созмон барои шаш моҳи дувуми имсол ва нимаи нахусти соли 2022 имзо шавад. 

Дар нишасти Душанбе  барномаи омодагӣ барои маросими сиюмин солгарди имзои  тавофуқномаи таъсиси Созмони Паймони  Амнияти Дастаҷамъӣ низ баррасӣ ва тасвиб хоҳад шуд.

Тоҷикистон дар соли 2021 раёсати давраии Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъиро бар ӯҳда дорад.

 

Бештар бихонед:

Барчасп