Ширкати русӣ мусофирони саргардонро аз Душанбе ва Хуҷанд ба Русия мунтақил кард
(last modified Thu, 20 May 2021 05:12:50 GMT )
Май 20, 2021 10:12 Asia/Dushanbe
  • Ширкати \
    Ширкати \"Амвоҷи шимолӣ\" ҳазор мусофири саргардон дар фурудгоҳҳои Душанбе ва Хуҷандро ба Маскав ва Қазон интиқол дод

Бо иҷозати Идораи авиатсияи граждании Тоҷикистон, ширкати русии "Амвоҷи шимолӣ" ҳазор мусофирро, ки дар фурудгоҳҳои Душанбе ва Хуҷанд дармонда буданд, бо вуҷуди доштани чипта ба Русия як ҳафта пеш рафта натавонистанд, ба Маскав ва Қазон интиқол доданд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садоии Хуросон ба нақл аз сомонаи Тоҷ Вик, раиси Идораи авиатсияи граждании Тоҷикистон Икром  Субҳонзода  ду рӯз қабл гуфта буд, ки ширкатҳои ҳавопаймоии "Сибир" ва "Амвоҷи шимолӣ"-и Русия бар хилофи таъаҳуди қаблии хеш барои коҳиши нархи билети ҳавопаймо дар парвозҳои миёни Тоҷикистон ва Русия ба гаронфурӯшӣ идома доданд, ки ин мавзӯ  шикояти мусофиронро дар пай дошт ва сабаби лағви муҷаввизи парвозҳои ин ду ширкат шуд.

 

Вай таъкид карда буд, ки нархи билети ҳавопаймо дар масири Душанбе ва Хуҷанд ба Маскав аз 8 ҳазору 500 сомонӣ бештар нест, ки дар амал ба 15 ҳазор сомонӣ расондаанд ва ин иқдом хилофи таъаҳуди онон аст. 

Ин иқдом мӯҷиби таҷаммӯъи наздик ба 2 ҳазор мусофир дар фурудгоҳҳои  Душанбе ва Хуҷанд шуд, ки аксари онон коргарони муҳоҷир ҳастанд. 

Аммо намояндагони ин ширкатҳои русӣ иддаои мақомоти созмони ҳавопаймоии кишварии Тоҷикистон дар бораи гаронфурӯшии билетро рад мекунанд ва мегӯянд, ки нархи билети ҳавопаймо дар масири Душанбе ва Хуҷанд ба Маскав  8 ҳазору 500 сомонӣ бештар нест ва агар гаронфурӯшӣ будааст, пас ин кори идораҳои фурӯши билет  дар Душанбе ва Хуҷанд будааст. 

  
Ҳазорон муҳоҷирони кории тоҷик, ки дар соли 2020 бо сабаби паҳн шудани вируси корона натавонистанд ба Русия сафар кунанд, кӯшиш мекунанд, ки бо гирифтани қарзи бонкӣ ва гирифтани чиптаҳои гарон барои кор ба Русия бирасонанд.
  
  
  Бештар бихонед: