Дидори вазири хориҷаи Тоҷикистон бо намояндаи Иттиҳоди Аврупо дар Душанбе
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i67484
Вазири умури хориҷаи Тоҷикистон ва намояндаи Иттиҳодияи Аврупо дар Осиёи Марказӣ дар нишасти муштараке дар Душанбе густариши ҳамкориҳои дуҷонибаро баррасӣ карданд.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Май 22, 2021 19:19 Asia/Dushanbe
  • Муҳриддин ва Буриан дар бораи ҳамкориҳои Тоҷикистону Иттиҳодияи Аврупо табодули назар карданд
    Муҳриддин ва Буриан дар бораи ҳамкориҳои Тоҷикистону Иттиҳодияи Аврупо табодули назар карданд

Вазири умури хориҷаи Тоҷикистон ва намояндаи Иттиҳодияи Аврупо дар Осиёи Марказӣ дар нишасти муштараке дар Душанбе густариши ҳамкориҳои дуҷонибаро баррасӣ карданд.

Ба гузориши сомонаи вазорати хориҷаи Тоҷикистон,  Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин Намояндаи вежаи Иттиҳоди Аврупо дар Осиёи Марказӣ Петер Бурианро ба ҳузур пазируфт.

Ҷонибҳо перомуни ҳамкорӣ дар чаҳорчӯби Иттиҳоди Аврупо ва Осиёи Марказӣ, Стратегияи нави ИА дар минтақа ва барномаҳои Иттиҳод дар Тоҷикистон табодули афкор намуданд.

Мусоҳибон густариши муносибатҳои Иттиҳоди Аврупо ва Тоҷикистонро дар қолабҳои Шӯрои ҳамкорӣ, Кумитаи ҳамкорӣ, муколамаҳои сиёсӣ ва амниятӣ ва ҳуқуқи инсон муҳим хонданд.

Ҳамчунин дар мулоқот масоили марбут ба амнияту суботи минтақа, вазъ дар Афғонистон ва хатари терроризму ифротгароӣ баррасӣ шуданд. 

Бештар бихонед: