Коҳиши шумори довталабони вуруд ба донишгоҳҳои Тоҷикистон
Мушовири маркази миллии озмӯни вурудӣ ба донишгоҳҳо ва омӯзишгоҳҳои касбии Тоҷикистон аз коҳиши теъдоди довталабони таҳсил дар марказҳои омӯзишии ин кишвар хабар дод .
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи Тоҷвек, Абдувосит Шодиён гуфтааст, ки то имрӯз барои ширкат дар озмуни саросарии вуруд ба донишгоҳҳо ва омӯзишгоҳҳои касбии Тоҷикистон 114 ҳазору 777 нафар дархост додаанд, ки дар муқоиса бо соли қабл 8 ҳазору 925 нафар камтар аст .
Вай гуфт : Теъдоди довталабони вуруд ба омӯзишгоҳҳои касбии Тоҷикистон 91 ҳазору 504 нафар эълом шуда, ки дар муқоиса бо соли қабл коҳиши 7 ҳазору 336 нафариро нишон медиҳад .
Мушовири раиси Маркази миллии озмуни вурудӣ ба донишгоҳҳо ва омӯзишгоҳҳои касбии Тоҷикистон яке аз иллатҳои коҳиши довталабони вуруд ба марокизи омӯзишии ин кишварро кам шудани теъдоди донишомӯзон ва коҳиши нисбии рушди ҷамъияти ин кишвар унвон кард .
Дар паии баргузории озмуни саросарии вурудӣ ба донишгоҳҳо ва омӯзишгоҳҳои касбии Тоҷикистон дар рӯзи аввали июли имсол довталабон барои таҳсил дар 36 донишгоҳ ва 66 омӯзишгоҳи касбии Тоҷикистон баргузида мешаванд .
Бо вуҷуди эъломи барномаи 10 солаи тақвияти омӯзиши илмҳои дақиқ дар Тоҷикистон имсол низ танҳо 14 ҳазор нафари довталаб барои вуруд ба ин риштаҳо сабти ном кардаанд, дар ҳоле ки ин риштаҳо барои пазириши 21 ҳазору 598 нафар зарфият доранд .
Гуфта мешавад бештари довталабони вуруд ба донишгоҳҳои Тоҷикистон дар риштаҳои ҳуқуқ ва забону адабиёт номнависӣ кардаанд
.
Бештар бихонед :
-
Намоишгоҳи муаррифии донишгоҳҳои Русия дар Душанбе ва Хуҷанд
-
Имтиёзи Парлумони Тоҷикистон ба сарбозҳо; биидуни озмун ба донишгоҳ биравед