Сохти Маркази нигаҳдории кӯдакони маъюб бо кумаки молии Ҷопон дар шаҳри Хуҷанд
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i67798-Сохти_Маркази_нигаҳдории_кӯдакони_маъюб_бо_кумаки_молии_Ҷопон_дар_шаҳри_Хуҷанд
Ҷопон ҳудуди 88 ҳазор доллар барои сохти Маркази нигаҳдории кӯдакони маъюб дар Хуҷанд сарф кард .
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Май 27, 2021 20:11 Asia/Dushanbe
  • Маркази нигаҳдории кӯдакони маъюб дар Хуҷанд
    Маркази нигаҳдории кӯдакони маъюб дар Хуҷанд

Ҷопон ҳудуди 88 ҳазор доллар барои сохти Маркази нигаҳдории кӯдакони маъюб дар Хуҷанд сарф кард .

  Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон дар маросими ифтитоҳи маркази тавонбахшии маъюбони шаҳри Хуҷанд Миошито Токоёки- сафири Ҷопон дар Тоҷикистон ва Фирӯзаи Нуруллоҳзода-муовини шаҳрдори Хуҷанд ҳузур доштанд .

  Ин тарҳ дар чорчӯби барномаи " Кумакҳои ройгон барои умуми мардум ва амнияти башардӯстонаи давлати Ҷопон " иҷро шуд .

  Ҳадафи аслӣ аз сохти ин марказ афзоиши сатҳи зиндагии кӯдакони маъюб ва ҳамчунин ироаи хадамоти иҷтимоии матлуб ба онҳо будааст .

  Ин марказ имкони пазириши 500 кудаки маъюб аз шаҳри Хуҷанд ва навоҳии атрофро барои иқдомоти дармонӣ ва тавонёбӣ дорад .

 

  Бештар бихонед :