Гушзад кардани норизоятии мардум аз фаъолияти бонкҳо дар Тоҷикистон
Намояндагони парлумони Тоҷикистон ба раиси Бонки миллии ин кишвар, дар бораи норизоятии мардум аз фаъолияти низоми бонкӣ ҳушдор додаанд.
Ба гузориши сойти Азия плюс, дар нишасти Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон, ки барои баррасии тарҳи қонун “Дар бораи хизматрасониҳои пардохтӣ ва низоми пардохтӣ” ташкили ҷаласа дода буд, ба Ҷамшед Нурмуҳаммадзода-раиси Бонки миллии ин кишвар дар бораи норизоятии фазояндаи мардум аз фаъолияти низом бонкии ин ҷуҳмҳурӣ ҳушдор дода шуд.
Шукурҷон Зуҳуров-раиси Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон таъкид кардааст, ки муштарёни теъдоде аз бонкҳои ин кишвар наметавонан пасандозҳои хешро дарёфт намоянд, қарзҳои эъто шуда бо суди боло муҷиби варшикастагии теъдоди зиёде аз фаъолони бахши хусусӣ шуда, ба далели нотавонӣ дар пардохти қарзҳои бонкӣ, мардум манозили маскунӣ ва дороиҳои хешро аз даст медиҳанд.
Раиси Бонки Миллии Тоҷикистон дар посух ба ин мавзӯъ гуфтааст, ки авзоъ дар низоми бонкии ин кишвар воқеан ҳам буҳронӣ мебошад. Аммо ин шароит ба маънеи варшикастагии низоми бонкӣ нест. Вай далели аслии мушкилоти бонкҳои Тоҷикистонро, коҳиши 50 дарсадии даромади ирсолии коргарони муҳоҷири Тоҷикистон аз Русия, тайи дусоли ахир унвон кардааст. Бо ин вуҷуд, намояндагони Парлумони Тоҷикистон тарҳи қонун “Дар бораи хизматрасониҳои пардохтӣ ва низоми пардохтӣ”дар ин кишварро тасвиб карданд, ки бар асоси он, аз ин пас интиқоли маблағ беш аз 2 ҳазор сомонӣ дар ин ҷумҳурӣ мавриди бозрасии манбаъ ва ташхиси ҳувияти фарди ирсолкунанда ва дарёфткунанда қарор мегирад.