Баргузории мусобиқоти байналмилалии «Tajikistan Open-2021»
Июн 08, 2021 16:46 Asia/Dushanbe
Мусобиқоти байналмилалии тенниси Тоҷикистон-«Tajikistan Open-2021» баргузор шуд.
Ба гузориши Кумитаи тадорукоти Олимпиадаи ҷумҳуриявӣ, дар ин мусобиқот, ки дар шаҳри Душанбе баргузор шуд, 95 варзишгар аз 11 кишвар: Англия, Беларус, ИМА, Қазоқистон, Германия, Россия, Словакия, Тоҷикистон, Туркманистон, Украина ва Ӯзбекистон ҳузур доштанд.
Тибқи иттилои манбаъ, дар қувваозмоиҳои инифродӣ миёни писарон намояндаи Россия Амирҳамза Насриддинов пирӯз шуд. Ӯ дар финал Дэвид Шварс аз Словакияро мағлуб намуд.
Миёни духтарон Раиса Петровская (Қазоқистон) мақоми аввал, ҷуфти Сабрина Олимҷонова / Шаҳноза Маримова (Ӯзбекистон) ҷои дуюмро ишғол намуданд.
Барчасп