Қадрдонии мудирони Сандуқи Байналмилалии Пул аз иқдомоти зидди буҳрони иқтисодӣ дар Тоҷикистон
(last modified Wed, 16 Jun 2021 15:27:38 GMT )
Июн 16, 2021 20:27 Asia/Dushanbe
  • Қадрдонии мудирони Сандуқи Байналмилалии Пул аз иқдомоти зидди буҳрони иқтисодӣ дар Тоҷикистон

Муовини раиси гурӯҳи бозорҳои пулу сармояи Сандуқи Байналмилалии Пул, иқдомоти зидди буҳрони иқтисодии Тоҷикистонро сутуд.

Ба гузориши Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон, Салим Алкадог дар гуфтугӯи видеоконфронсӣ бо вазири рушди иқтисоди Тоҷикистон гуфт: Бо тадбирҳои мақомоти Тоҷикистон рушди тавлиди нохолиси дохилии ин кишвар дар соли гузашта 4,5 дарсад будааст.

Ӯ афзуд: Ҳамчунин дар январ - майи соли ҷорӣ низ иқтисоди Тоҷикистон рушди 9 дарсадиро таҷриба кард.

Муовини раиси гурӯҳи бозорҳои пулу сармояи Сандуқи Байналмилалии Пул изҳор дошт: Тоҷикистон болотарин рушди иқтисодӣ дар байни кишварҳои Осиёи Марказиро дорад.

Завқӣ Завқизода, вазири тавсеаи иқтисодӣ ва тиҷорати Тоҷикистон ҳам дар ин гуфтугӯ ва вазъияти иқтисоди ҷаҳонӣ, авзои иқтисодӣ - иҷтимоии минтақа, чашмандози тавсеаи иқтисодӣ ва роҳҳои ҳамкории бештар бо Сандуқи Байналмилалии Пулро баррасӣ кард.

Ӯ аз мудирони Сандуқи Байналмилалии пул хост, бо дар назар гирифтани шароити душвор дар соли 2021 барои афзоиши ҳимояти молии кишварҳои дар ҳоли тавсеа, бо ҳадафи тақвияти иқтисоди онҳо, иқдомоти лозимро иҷро кунанд.

 

Бештар бихонед: