Июн 18, 2021 19:11 Asia/Dushanbe
  • Овозаи эҷоди вилояти нав дар Тоҷикистон

Бархе аз корбарони фазои маҷозӣ мегӯянд, қарор аст вилояти наве дар Тоҷикистон ташкил шавад.

Ба гузориши яке аз манобеи хабарии Осиёи Марказӣ, теъдоде аз корбарону шаҳрвандон Тоҷикистон мегӯянд, қарор аст ба муносибати фаро расидани сиюмин солгарди Истиқлоли Тоҷикистон, вилояти наве бо номи Сомониён ба марказияти Данғара эҷод шавад.

Ин вилоят шомили минтақаи Кӯлоб ва навоҳии Норак, Роғун ва Ёвон аст.

Дар бораи ин хабар ҳанӯз ҳеч мақоми расмӣ дар Тоҷикистон изҳори назар накардааст.

Умеди Ҷайҳонӣ, иқтисоддон, муҳаққиқ ва пажӯҳишгари ҳавзаи фарҳанг дар ин бора гуфт: Агар мақомоти Тоҷикистон тасмим гирифтанд вилояти наверо ба тақсимоти кишварӣ изофа кунанд, беҳтар аст вилояти Хатлон ба ду устон ба марказияти Кӯлоб ва Қурғонтеппа тақсим шавад.

Ӯ афзуд: Кӯлоб бояд маркази вилоят шавад, зеро ҳам қидмат таърихӣ дорад ва ҳам аз назари имконоти бахшҳои мухталиф пешрафта аст.

Аҳмадшоҳи Комилзода, рӯзноманигори тоҷик мегӯяд, эҷоди тақсимоти кишварии нав сабаби осон шудани идораи кишвар ва афзоиши кайфияти хадамотрасонӣ мешавад.

Эҷоди вилоят ё вилоятҳои нав дар Тоҷикистон, мавзӯи тозае нест ва ҳарчанд вақт ин овозаҳо дар фазои маҷозӣ ва ё дар байни коршиносону мардум қувват мегирад.

Аммо бархе аз коршиносон ифтитоҳи тарҳҳои мухталиф ва роҳандозии риштаҳои мухталифи донишгоҳӣ дар Данғараро далеле бар вилоят шудани ин ноҳия дар ояндаи наздик медонанд.

 

Бештар бихонед:

 

Барчасп