Июн 19, 2021 13:10 Asia/Dushanbe
  • Гурӯҳҳои тундрави мухолифи ҳукумати Афғонистон аксари манотиқи марзӣ бо Тоҷикистонро ишғол кардаанд
    Гурӯҳҳои тундрави мухолифи ҳукумати Афғонистон аксари манотиқи марзӣ бо Тоҷикистонро ишғол кардаанд

Раиси вилояти Бадахшони Тоҷикистон аз ташдиди даргириҳо дар манотиқи ҳаммарзи ин минтақа бо Афғонистон ибрози нигаронӣ кард.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл  аз сомонаи Порсо Тиҷӣ, Ёдгор Файзов гуфтааст, ки тайи моҳҳои ахир гурӯҳҳои тундрави мухолифи давлати Афғонистон аксари манотиқи марзи муштарак бо Тоҷикистонро ишғол кардаанд ва ба зерсохтҳои муҳими ҳаётии вилояти Бадахшони Афғонистон  хисороти фаровон ворид шудааст.

 

Ба гуфтаи вай, бо тавваҷӯҳ ба ин ки гурӯҳҳои мусаллаҳи мухолифи давлати Кобул дар фармондориҳои Баҳорак, Зибок ва дарвози вилояти Бадахшони Афғонистон дар марзи Тоҷикистон мустақар ҳастанд, зарурат дорад амнияти марз ва тавон размии нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон барои муқобила бо ҳар навъ таҳаррукоти гурӯҳҳои террористии фаъол дар вилояти Бадахшони Афғонистон тақвият шавад.

 

Аксар коршиносони масойили сиёсӣ мӯътақиданд бо оғози хурӯҷи низомиёни амрикоӣ аз Афғонистон  таҳаррукоти гурӯҳҳои террористӣ дар манотиқи  шимоли ин кишвар ва дар наздикии марз бо Тоҷикистон афзоиш ёфтааст.

 

Бештар бихонед:

Барчасп