Мубориза бо тероризм ва қочоқи маводи мухаддир; меҳвари дидори вазирони хориҷаи Тоҷикистон ва Афғонистон
(last modified 2021-06-20T05:19:33+00:00 )
Июн 20, 2021 10:19 Asia/Dushanbe
  • Сироҷуддини Муҳриддин ва Муҳаммадҳаниф Атмар дар ҳошияи нишасти “Дипломатияи Анталия” дар Туркия бо якдигар дидор карданд .
    Сироҷуддини Муҳриддин ва Муҳаммадҳаниф Атмар дар ҳошияи нишасти “Дипломатияи Анталия” дар Туркия бо якдигар дидор карданд .

Дар дидори вазирони умӯри хориҷаи Тоҷикистон ва Афғонистон роҳҳои ҳамкории ду кишвар барои муқобила бо террористҳо ва қочоқчиёни маводи мухаддир баҳсу баррасӣ шуд .

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Сироҷуддини Муҳриддин ва Муҳаммадҳаниф Атмар дар ҳошияи нишасти “Дипломатияи Анталия” дар Туркия бо якдигар дидор карданд .
Дар ин дидор ду тараф дар бора афзоиши содирот ва воридоти байни ду кишвар, эҷоди бозорчаҳои муштараки марзӣ ва роҳандозии тарҳҳои муштараки иқтисодӣ низ гуфтугу карданд .
Сироҷуддини Муҳриддин дар ин мулоқот ҳимояти Тоҷикистонро аз раванди сулҳи Афғонистон эълом кард.



Бештар бихонед :

 

Барчасп