Июн 22, 2021 10:00 Asia/Dushanbe
  • Сездаҳумин нишасти дабирони Шӯрои амнияти кишварҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай дар шаҳри Душанбе баргузор мешавад.
    Сездаҳумин нишасти дабирони Шӯрои амнияти кишварҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай дар шаҳри Душанбе баргузор мешавад.

Сездаҳумин нишасти дабирони Шӯрои амнияти кишварҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай дар шаҳри Душанбе баргузор мешавад.

Ин ҷаласа  22 ва 23 июни соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе пойтахти Тоҷикистон баргузор мешавад.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи Спутник, дар ин  нишаст дар бораи масоили амниятии минтақа, авзоъи Афғонистон  пас аз хуруҷи низомиёни амрикоӣ, таҳаррукоти гурӯҳҳои террористӣ ва таъсири он дар шароити амниятии Осиёи марказӣ баррасӣ хоҳад шуд.

Дар ҳоли ҳозир  Тоҷикистон раёсати давраии Созмони Ҳамкории Шанхайро бар ӯҳда дорад.

Кишварҳои Чин, Русия, Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Узбекистон, Покистон ва Ҳиндустон  аъзои доим ва кишварҳои Эрон, Афғонистон, Беларус ва Муғулистон узви нозири Созмони Ҳамкории Шанхай ҳастанд.

Ҷумҳурии Озарбойҷон, Арманистон, Камбоҷа, Неапол, Шриланка низ аз шарикони Созмони Шанхай ҳастанд.

 

Бештар бихонед:

Барчасп