Мушкилоти сокинони деҳаи Шерхонии ноҳияи Ҳисори Тоҷикистон
(last modified Tue, 29 Jun 2021 11:23:18 GMT )
Июн 29, 2021 16:23 Asia/Dushanbe

Сокинони деҳаи Шерхонии ноҳияи Ҳисори Тоҷикистон мушкилоти бисёре доранд.

Сокинони деҳаи Шерхонии ноҳияи Ҳисор, ки фақат 10 километр аз шаҳри Душанбе фосила дорад, маҷбуранд ҳаррӯз чанд мартаба бо қаиқ аз  дарёи Кофарниҳон убӯр кунанд онҳо бо пардохти як сомонӣ бо қаиқ аз дарё убӯр мекунанд.

Мусофиркашӣ бо қаиқ махсусан замоне, ки оби дарё зиёд мешавад, хатарнок аст сели соли гузашта танҳо пули убӯр аз рӯдхонаро тахриб кардааст.

Сокинони деҳаи Шерхонӣ чандбор ин мушкилро ба мақомот эълом карданд, вале токунӯн иқдоме анҷом нашудааст хостаи онҳо фақат сохти як пул бар рӯи рӯдхона аст.

500 нафар дар деҳаи Шерхонӣ зиндагӣ мекунанд.

Сафармурод Файзуллоев, Ҳикматуллоҳ Шарифов, Саъдӣ Азизов аз сокинони деҳаи Шерхонӣ ва Муҳаммадзиё Муминов, корманди собиқи вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон дар ин бора гуфтанд.