Баргузории намоишгоҳи мошинҳои коллексионӣ дар шаҳри Душанбе
(last modified Wed, 30 Jun 2021 13:19:45 GMT )
Июн 30, 2021 18:19 Asia/Dushanbe
  • Баргузории намоишгоҳи мошинҳои коллексионӣ дар шаҳри Душанбе

Нуҳумин намоишгоҳи автомобилҳои коллексионӣ дар шаҳри Душанбе кушоиш ёфт.

Ба гузориши шаҳрдории Душанбе, ин намоишгоҳ дар майдони Садриддин Айнии шаҳри Душанбе барпо шуд.

Дар ин намоишгоҳ мошинҳое бо умри бештар аз 30 сол аз корхонаҳои мошинсозии “Волга”, “Лада”, “Фолсфаген”, “Форд”, “Шевролет”, “Понтиак” ва “Мерседес Бенз” дар маърази диди боздидкунандагон қарор гирифта буд.

Аввалин намоишгоҳи автомобилҳои коллексионӣ дар 21 апрели соли 2013 дар шаҳри Душанбе доир шуда буд.