Имзои тавофуқномаи ҳамкории донишгоҳии байни Тоҷикистону Русия
Июл 01, 2021 16:18 Asia/Dushanbe
Мудирони Академияи мудирияти давлатии Тоҷикистон ва Донишгоҳи давлатии равобити байналмиллалии Русия тавофуқномаи ҳамкорӣ имзо карданд .
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз АКИ пресс ин тавофуқномаро Абдулхалил Ғафурзода ва Артём Малгин дар шаҳри Маскав имзо карданд .
Тибқи санади имзошуда мақомоти омӯзишии ду кишвар дар заминаи таҳияи барномаҳои муштараки омӯзишӣ, ҳамоҳангии илмӣ, ташкили давраҳои коромӯзии кӯтоҳмуддат ва дарозмуддат ва давраҳои бозомӯзӣ барномарезӣ хоҳанд кард.
Тарафҳо ҳамчунин тавофуқ карданд, ки давраҳои омӯзиши назарӣ ва амалиро баргузор ва осори илмиро ба таври муштарак чоп ва мунташир кунанд .
Барчасп