Мулоқоти сафири Чин дар Душанбе бо вазири корҳои хориҷаи Тоҷикистон
(last modified Fri, 09 Jul 2021 11:59:12 GMT )
Июл 09, 2021 16:59 Asia/Dushanbe
  • Мулоқоти сафири Чин дар Душанбе бо вазири корҳои хориҷаи Тоҷикистон

Сафири Чин дар Тоҷикистон бо вазири корҳои хориҷаи ин кишвар мулоқот кард.

Ба гузориши сомонаи вазорати корҳои хориҷаи Тоҷикистон, Ввазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Тоҷикистон Лю Бинро ба ҳузур пазируфт. Дар мулоқот масъалаҳои густариши муносибатҳои ду кишвар дар соҳаҳои гуногун, аз ҷумла омодагӣ ба сафари расмии қарибулвуқӯи Вазири корҳои хориҷии Чин ба Тоҷикистон дар чаҳорчӯби нишасти Шӯрои вазирони корҳои хориҷиии кишварҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Чин ҳамвора яке аз шарикони аслии иқтисодии Тоҷикистон будааст, дар соли гузашта низ ин кишвар 152 миллиондоллар дар тарҳҳои зербинои Тоҷикистон сармоягузорӣ карда, ки баробар бо 35 дарсад аз кулли сармоягузории хориҷӣ дар ин сол будааст.

Чин бештар дар бахшҳои роҳсозӣ, маодин ва фулузот, энержӣ, саноати шимиёӣ, бофандагӣ, кишоварзӣ ва коркарди маҳсулот дар Тоҷикистон сармоягузорӣ кардааст.

Ҳамчунин пеш аз ин мақомоти Тоҷикистону Чин дар мавриди воридоти 300 ҳазор доз(воя)-и ваксинаи корона низ тавофуқ карда буданд.

Бештар бихонед: