СПАД дар ҳоли ҳозири нерӯе ба манотиқи марзии Тоҷикистону Афғонистон эъзом намекунад
(last modified Fri, 09 Jul 2021 13:13:25 GMT )
Июл 09, 2021 18:13 Asia/Dushanbe
  • СПАД дар ҳоли ҳозири нерӯе ба манотиқи марзии Тоҷикистону Афғонистон эъзом намекунад

Дар ҳоли ҳозир зарурате барои эъзоми нерӯи низомии Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ(СПАД) ба навоҳии марзии Тоҷикистон бо Афғонистон нест.

Ба гузориши сомонаи Топ Тҷ, бо вуҷӯди ин ки Толибон бештари навоҳии марзӣ бо Тоҷикистонро тасарруф кардааст, аммо СПАД ҳанӯз эъзоми нерӯи муштаракро ба ин навоҳӣ. зарурӣ намедонад.

Анатолий Сидоров, сардори ситоди муштараки Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ гуфт, Толибон дар навоҳии марзии ишғол шуда бо Тоҷикистони маҳалҳои бозрасӣ эҷод кардааст.

Вай гуфт, дар боздид аз манотиқи марзии Тоҷикистон бо Афғонистон маҳалҳои бозрасии Толибон мушоҳида мешавад.

Ӯ изҳор кард, дар ҳоли ҳозир Толбон ҳеч таҳдиде дар марзҳои Тоҷикистон эҷод нахоҳад кард.

Анатолий Сидоров идома дод, Толибон парчамҳои сафеди худро дар маҳалҳои бозрасии марзӣ барафрошта кардааст. Сидоров хотирнишон кард, дар ҳоли ҳозир Тоҷикистон фақат ба кумакҳои моддӣ ва фаннӣ ниёз дорад.

Вай идома дод, бо дар назар гирифтани музокирот бо мақомоти ниҳодҳои давлатӣ ва баррасии авзоъи минтақа, натиҷагирӣ кардем, ки дар ҳоли ҳозир ниёзе ба эъзоми нерӯҳои низомии СПАД ба минтақа нест.

Анатолий Сидоров изҳор кард, Тоҷикистон муқтадир ва бо итминон аз марзҳои худ бо Афғонистон муҳофизат мекунад. Сидоров муътақид аст, танишҳо дар марзҳои Тоҷикистону Афғонистон ҳал хоҳад шуд.

Бештар бихонед: