Ройзании мақомоти Тоҷикистон ва Иморот
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i70472-Ройзании_мақомоти_Тоҷикистон_ва_Иморот
Раиси умури ҷавонон ва варзиши Тоҷикистон ва раиси Кумитаи дифо, умури дохилӣ ва хориҷии Шӯрои миллии Иморот бо якдигар дидору гуфтугӯ карданд.
(last modified 2025-09-23T13:20:16+00:00 )
Июл 13, 2021 17:39 Asia/Dushanbe
  • Ройзании мақомоти Тоҷикистон ва Иморот

Раиси умури ҷавонон ва варзиши Тоҷикистон ва раиси Кумитаи дифо, умури дохилӣ ва хориҷии Шӯрои миллии Иморот бо якдигар дидору гуфтугӯ карданд.

Ба гузориши хабаргузории Форс, Абдуллоҳ Раҳмонзода, раиси Кумитаи умури ҷавонон ва варзиши Тоҷикистон бо Алӣ Рашид Ан-Нуайм, раиси Маркази ҷаҳонии мубориза бо терроризм ва ифротгароӣ, раиси Кумитаи дифо, умури дохилӣ ва хориҷии Шӯрои миллии порлумони Иморот дидор ва гуфтугӯ кард.

Дар ин дидор дар мавриди роҳҳои пешгирӣ аз ифротгароӣ, терроризми хушунатомез дар ҷомеъа баҳсу табодули назар шуд.

Дар ин дидор аз терроризм ба унвони яке аз мавзуоти ҷаҳонӣ ва хатарнок ёд шуд, ки барои муқобила бо он ҳӯшёрии ниҳодҳои зирабт ва кулли ҷомеъа ниёз аст.