Тавқифи 60 мошини боркаши Тоҷикистон дар Қирғизистон
Вазири ҳамлу нақли Тоҷикистон эълом кард, ки талош барои рафъи тавқифи 60 мошини боркаши ин кишвар дар вилояти Ботканди Қирғизистон идома дорад.
Ба гузориши радиои тоҷики Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи Тоҷ Вик, Азим Иброҳим гуфт: Бо вуҷуди ваъдаи вазири ҳамлу нақли Қирғизистон, ки ба ҳамроҳи раисҷумҳури кишвар дар авохири моҳи июл ба Душанбе омада буд, ҳанӯз ин мошинҳои боркаш озод нашуданд.
Вай таъкид кард, фақат 3 нафар аз ронандаҳои мошинҳои боркаш тоҷик ҳастанду мобақӣ тобеъияти Қирғизистон доранд.
Ӯ афзуд: Ин мошинҳои боркаш аз Русия ба Тоҷикистон бор ҳамл мекарданд, ки се моҳ пеш дар Қирғизистон тавқиф шуданд.
Азим Иброҳим аз инки токунун пайгириҳои мақомоти вазоратхонаҳои умури хориҷа ва ҳамлу нақли Тоҷикистони ва Қирғизистон барои рафъи тавқифи ин камиюнҳо бенатиҷа будааст, ибрози таассуф кард.
Бештар бихонед: