Судури ҳукми зиндон барои вакили тоҷик ба далели интишори матлаб дар шабакаи маҷозӣ
(last modified 2021-07-18T11:21:05+00:00 )
Июл 18, 2021 16:21 Asia/Dushanbe
  • Вакили тоҷик, ба далели интишори матлабе дар шабакаи маҷозӣ ба зиндон маҳкум шуд.
    Вакили тоҷик, ба далели интишори матлабе дар шабакаи маҷозӣ ба зиндон маҳкум шуд.

Вакили тоҷик, ба далели интишори матлабе дар шабакаи маҷозӣ ба зиндон маҳкум шуд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз яке аз манобеи хабарии Осиёи Марказӣ Абдулмаҷид Ризоев ба далели интишор ва фаъолият дар фазои маҷозӣ ба 5 солу 5 моҳ зиндон маҳкум шуд.

Ин ҳукмро додгоҳе  дар минтақаи Шоҳмансури шаҳри Душанбе ба мӯҷиби модаи 307, банди 1 Кодекси ҷиноии Тоҷикистон ( таҳрики умумӣ ба фаъолияти ифротгароёна аз тариқи матбуот ё интернет) содир кард.

Дилафрӯз Самадова вакили Ризоев гуфт: Аз додгоҳ дархости таҷдиди назар кардааст. Вай гуфт: Мақомоти қазоӣ аз навиштаҳои Ризоев дар Фейсбук сӯибардошт карданд.

Мақомоти додгоҳи ноҳияи Шоҳмансур изҳори назаре дар ин бора накарданд. Дилафрӯз Самадова гуфт: Иттиҳоми " ифротгароӣ ва иқдом алайҳи амнияти миллӣ " барои муваккилаш иштибоҳ аст.

Ба гуфта вай, 2 марти 2020  Ризоев дар сафҳаи Фейсбуки худ фақат як назарсанҷии интихоботӣ анҷом дод.

Дилафрӯз Самадова дар лоиҳаи таҷдиди назари худ ба мароҷеъи болодастии қазоии Тоҷикистон навиштааст, матолиби Фейсбуки Ризоов ҳеч иртиботе бо натиҷаи интихобот надоштааст.

Вакили тоҷик гуфт  Муваккилаш бегуноҳ ва ҳеч қонунеро нақз накардааст.

Барчасп