Иқомаи намози Иди Қурбон дар Тоҷикистон
(last modified Tue, 20 Jul 2021 05:03:05 GMT )
Июл 20, 2021 10:03 Asia/Dushanbe
  • Намози Иди Қурбон дар масҷидҳои Тоҷикистон иқома шуд.
    Намози Иди Қурбон дар масҷидҳои Тоҷикистон иқома шуд.

Намози Иди Қурбон дар масҷидҳои Тоҷикистон иқома шуд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз яке  манобеи хабарии Осиёи марказӣ субҳи рӯзи 20 июл намози Иди Саиди Қурбон дар тамоми масоҷиди Душанбе ва дигар манотиқи Тоҷикистон иқома шуд.

Ин аввалин бор аст ки намози Иди Қурбон пас аз шеваи корона дар Тоҷикистон иқома мешавад.

Бар хилофи соли гузашта, имсол Комитети дин ба сокинон иҷозат дода то намози идро дар масоҷид иқома кунанд.

Раиси шӯрои уламои маркази исломии Тоҷикистон Саидмукаррам Абдуқодирзода гуфт: Истифода аз ниқоб ва маводи зидиуфунӣ барои вуруд ба масҷид илзомӣ буд.

Ӯ гуфт: Имоми хатибон ҳам борҳо намозгузоронро ба риояти нукоти беҳдоштӣ тарғиб мекард.

Раиси шӯрои уламои маркази исломии Тоҷикистон изҳор кард, ки муттаассифона бо вуҷуди таъкид ба риояти шеваномаҳои беҳдоштӣ бархе аз шаҳрвандон дар масҷид аз ниқоб истифода накарданд.