AFC ба Тоҷикистон барои мизбонӣ муҳлат дод
(last modified Wed, 21 Jul 2021 13:49:29 GMT )
Июл 21, 2021 18:49 Asia/Dushanbe
  • Финали Лигаи қаҳрамонони Осиё дар соли 2021, рӯзи 23 ноябр баргузор хоҳад шуд
    Финали Лигаи қаҳрамонони Осиё дар соли 2021, рӯзи 23 ноябр баргузор хоҳад шуд

Конфедератсияи Футболи Осиё (AFC) ба Тоҷикистон ва 3 кишвари дигар барои ироаи дархости мизбонии мароҳили ҳазфии Лигаи қаҳрамонони Осиё фурсат дод.

Конфедератсияи Футболи Осиё (AFC) ба федератсияҳои футболи Тоҷикистон, Эрон, Арабистон ва Иморот то 26 июл фурсат дод то дархости мизбонии дидорҳои мароҳили як чаҳорум ва ниманиҳоии Лигаи қаҳрамонони Осиёро ироа диҳанд.

Ин федератсия рӯзи сешанбеи 25 июл шароити ба даст овардани мизбониро дарёфт карданду мизбон то 11 август мушаххас хоҳад шуд.

Марҳилаи як чаҳоруми ниҳоии Лигаи қаҳрамонони Осиё дар соли 2021, рӯзи 16 октябр, марҳалаи ниманиҳоӣ рӯзи 19 октябр ва бозии ниҳоӣ рӯзи 23 ноябр баргузор хоҳад шуд.

AFC аз кишвари мизбон мехоҳад, ки давраи карантини тимҳои меҳмон бештар аз 48 соат набошад ва 4 рӯз пеш аз оғози бозиҳо бояд пазириши онҳо анҷом шавад.

AFC ба мизбон ҳаққи фурӯши билетро бо риояти протоколҳои беҳдоштӣ медиҳад ва маблағи 250 ҳазор доллар низ ба мизбон пардохт хоҳад кард.

Тими “Истиқлол”-и Тоҷикистон дар марҳилаи якҳаштуми ниҳоии Лигаи қаҳрамонони Осиё дар Душанбе, мизбони “Персполис”-и Эрон хоҳад буд.

 

Бештар бихонед: