Вуқуъи 299 ҳодисаи табиӣ аз оғози имсол токунӯн дар Тоҷикистон
Тайи шаш моҳи нахусти имсол 299 ҳодисаи табиӣ дар Тоҷикистон рух додааст.
Ба гузориши сомонаи Ховар, ҳамчунин бар асари ин ҳаводиси табиӣ 22 нафар ҳам ҷони худро аз даст донад.
Полковник Имомалӣ Иброҳимзода, муовини раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон гуфт, аз ин ҳисоб 38 ҳодиса ба хоҷагии халқ зарар расонида, инчунин бар асари офатҳои табиӣ дар ин шаш моҳ 22 нафар шаҳрвандони кишвар ба ҳалокат расидаанд. Аз инҳо 8 нафар дар селҳо, 7 нафар дар лағзиши тарма, 5 нафар дар ярч ва 2 нафари дигар аз сангрезиш ҷон бохтаанд.
Вай хотирнишон кард, ки бар асари ҳолатҳои фавқулодаи табиӣ 337 хонаи истиқоматӣ- 140 хона пурра, 197 хона қисман, 8 бинои мактаби таҳсилоти умумӣ ва муассисаҳои томактабӣ, 3492,114 гектар майдони кишт, 42 пул ва 212,87 км роҳи мошингард осеб дидаанд. Ба хонаводаҳои зарардида кумакҳо, аз ҷумла маводи сохтмон, маводи ғизоӣ ва бастаҳои беҳдоштӣ сари вақт расонида шуданд.
Иброҳимзода дар идома баён кард, дар натиҷаи риоя накардани қоидаҳои техникаи бехатарӣ ҳангоми оббозӣ дар давраи ҳисоботӣ дар оби дарёву кӯлҳо ва каналҳо 69 нафар (соли 2020-34 тан) ғарқ шуда, ҷон бохтаанд. Нуҳ нафари онҳо то 4-сола, ёздаҳ нафар аз 5 то 10-сола, ҳабдаҳ нафар аз 11 то 16-сола, ҳабдаҳ нафари дигар аз 17 то 35-сола ва 15 тан аз 35-сола боло умр доштанд.
Бино ба навиштаи манбаъ, дар нимсолаи гузашта наҷотдиҳандагони Кумита дар бартарафсозии пайомадҳои ҳолатҳои табиӣ, техникӣ ва техногенӣ ширкат намуда, ҳамчунин корҳои зиёди садамавиву наҷотро анҷом доданд. Наҷотдиҳандагон дар шаш моҳи соли равон 383 амалиёти фаврӣ анҷом додаву ҷони 183 нафарро аз хатар наҷот доданд.