Пирӯзии муштзани тоҷик дар марҳалаи муқаддамотии Олимпиадаи Токио
Муштзани тоҷик дар марҳалаи муқаддамотии Олимпиадаи Токио тавонист дар масоф бо ҳарифи худ пирӯз шавад.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз Комитети миллии олимпиадаи Тоҷикистон, Баҳодур Усмонов дар вазни 63 килограмм дар марҳалаи муқаддамотӣ тавонист Леонел де Лос Сантос аз ҷумҳурии Доминиканро бо натиҷаи 4 бар 1 аз пеши рӯ бардорад.
Баҳодур дар даври баъдӣ бояд бо Анвар Абдураҳимов аз Узбекистон мубориза кунад.
Мусобиқаи Баҳодур Усмонов 23- сола ва Анвар Абдураҳимови 27 сола 31 июл соати 12 : 51 ба вақти маҳаллӣ ( 8 : 51 ба вақти Душанбе ) оғоз мешавад.
Анвар Абдураҳимов дар мусобиқоти ҷаҳонии 2015 Қатар муваффақ ба касби нишони биринҷӣ шуд.
Вай дар мусобиқоти ҷаҳонии 2017 дар Ҳамбурги Олмон ҷойгоҳи панҷумро ба даст овард.
Анвар дар мусобиқоти қаҳрамонии Осиё 2017 дар Тошканд низ муваффақ ба касби нишони тилло шуд.
Баҳодур Усмонов ҳам унвони қаҳрамонии Осиё 2019 дар Банкоки Тайландро корномаи варзишии худ дорад.
Бештар бихонед: