Ҳазфи ҷудокори тоҷик аз рақобатҳои Олимпиадаи Токио
(last modified Tue, 27 Jul 2021 13:22:42 GMT )
Июл 27, 2021 18:22 Asia/Dushanbe
  • Ҳазфи ҷудокори тоҷик аз рақобатҳои Олимпиадаи Токио

Ҷудокори тоҷик бо як шикаст ва як пирӯзӣ ба кори худ дар бозиҳои олимпӣ хотима дод.

Ба гузориши Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, Акмал Муродов, дар вазни 81 килограм, бо як пирӯзӣ ва як шикаст ба ҳузури худ дар бозиҳои олимпӣ поён дод.

Дар доираи Бозиҳои олимпии Токио-2020 мусобиқаи ҷудо дар вазни -81кг баргузор шуд, ки дар он паҳлавони тоҷик Акмал Муродов ширкат кард.

Акмал дар даври аввал Ҷоштер Андрев аз Гуамро шикаст дод, вале дар даври дуюм аз варзишгари маъруфи гурҷистонӣ мағлуб шуд.

Ҳамин тариқ, Бозиҳои олимпии Токио барои Акмал Муродов анҷом ёфт.

Мусобиқаи ҷудо, ки 24 июл оғоз гардида буд, то 31 июл идома меёбад. Дирӯз Сомон Маҳмадбеков дар вазни -73кг бо ду пирӯзӣ ва як бохт мусобиқаро ба итмом расонид. Фардо – 28 июл Комроншоҳ Устопириён дар вазни -90кг нерӯ месанҷад. Ҳарифи ӯ дар даври аввал Аксел Клерҷет аз Фаронса мебошад.

Бозиҳои олимпии Токио-2020 аз рӯи 33 намуди варзиш (50 равияи варзишӣ) ҷараён дорад. Дар ҷадвали ҳисоби медалҳо Штатҳои Муттаҳидаи Амрико 8 медали тилло, 3 нуқра ва 8 биринҷӣ пешсаф аст. Тими мизбон – Ҷопон бо 8 медали тилло, 2 нуқра, 3 биринҷӣ дар ҷои дуюм мебошад. Чин бо 7 тилло, 5 нуқра, 7 биринҷӣ, КОР бо 5 тилло, 7 нуқра, 3 биринҷӣ, Британияи Кабир бо 4 тилло, 5 нуҷра, 1 биринҷӣ дар панҷгонаи аввал мавқеъ гирифтаанд.