Нишасти комиссияи муштараки Тоҷикистон ва Туркманистон
Даҳумин нишасти Комиссияи муштарак оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣ, тиҷоратӣ ва илмӣ-техникии Тоҷикистону Туркманистон баргузор гардид.
Ба гузориши хабаргузории Форс аз Душанбе, дар нишасти ин камиссиюн, ки ба раёсати «Далери Ҷумъа » вазири энержӣ ва манобеи оби Тоҷикистон ва «Муҳаммадгелди Сардоров» вазири дороӣ ва иқтисодии Туркманистон баргузор шуд, натоиҷи иҷрои тавофуқоти нуҳумин нишасти камиссиюни муштараки ду кишвар, ки дар моҳи ноябри соли 2019 дар «Ашқобод» баргузор шуда буд, мавриди баҳсу баррасӣ қарор гирифт.
Ҳамчунин, тарафайн дар хусуси вазъияти мавҷуди ҳамкориҳои тиҷорӣ, иқтисодӣ ва сармоягузорӣ ва низ созукорҳои таъомулоти судманд дар заминаҳои энержӣ, саноатӣ, кишоварзӣ,ҳамлу нақл ва манобеи об табодули назар карданд. Дар ин нишаст ба тақвияти ҳамкориҳои муассир дар ҳавзаҳои фарҳангӣ, илмӣ, омӯзишӣ ва башардӯстона низ тавваҷӯҳи ҷиддӣ мабзул шуд. Ду тараф дар поёни ин нишаст тафоҳумномае ба имзои расонданд
.Нишасти баъдии камиссиюни муштараки Тоҷикистону Туркманистон дар соли 2022 дар Ашқобод баргузор хоҳад шуд.