Тасвиби лоиҳаи ҷадиди молиёт дар Тоҷикистон
(last modified Sat, 31 Jul 2021 06:59:35 GMT )
Июл 31, 2021 11:59 Asia/Dushanbe
  • Тасвиби лоиҳаи ҷадиди молиёт дар Тоҷикистон

Лоиҳаи ҷадиди молиёти Тоҷикистон дар ояндаи наздик дар маҷлиси тасвиб хоҳад шуд.

Раиси Кумитаи давлатии молиёти Тоҷикистон аз тасвиби лоиҳаи ҷадиди молиёти ин кишвар ба зуддӣ дар маҷлис хабар дод.

Ба гузориши сомонаи Спутник, Нусратуллоҳ Давлатзода эълом кард, дар сурати тасвиби ин лоиҳа дар маҷлиси Тоҷикистон анвоъи молиёт аз 10 маврид ба 7 маврид коҳиш меёбад.

Ӯ афзуд, ҳамчунин дар ин лоиҳа мизони молиёт барои фаъолони бахши хусӯсӣ 13 дарсад таъйин шудааст.

Раиси Кумитаи давлатии молиёти Тоҷикистон гуфт, бар асоси ин лоиҳа муассисоти молӣ ва эътиборӣ ва ширкатҳои хадамотии телефони ҳамроҳ низ бояд 20 дарсад аз мизони даромади худро молиёт бидиҳанд.

Нусратуллоҳ Давлатзода изҳор кард, дар қонуни қаблӣ ин мизон 23 дарсад аз мизони даромад буд.

Ба гуфтаи вай дар қонуни ҷадид, мизони молиёт бар арзиши афзӯда аз 18  дарсади қаблӣ ба 15 дарсад коҳиш ёфтааст.

Бештар бихонед: