Август 02, 2021 21:32 Asia/Dushanbe
  • Шиносоии 68 бемори ҷадиди Ковид -19 дар Тоҷикистон

Вазорати тандурустии Тоҷикистон аз шиносоии 68 бемори дигари мубтало ба Ковид - 19 дар 24 соати гузашта дар кишвар хабар дод.

Ба гузориши сомонаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимои аҳолии Тоҷикистон, бо эҳтисоби ин 78 мавриди шиносоишуда дар шабонарӯзи ахир, маҷмӯи мубталоён ба Ковид -19 дар Тоҷикистон ба 15 ҳазору 150 нафар расид.

Аз ин теъдод 14 ҳазору 629 нафар беҳбуд ёфтаанд.

Ҳамчунин тайи шабонарӯзи ахир 73 нафар аз беморони мубтало ба Ковид- 19 дар Тоҷикистон дармон шудаанд.

Гуфта мешавад, ки теъдоди фавтиҳои ин беморӣ бидуни мавриди ҷадид дар шабонарӯзи ахир, ҳамон 121 нафари қаблӣ аст.

 

Бештар бихонед: