Истиқрори чархболҳои низомии Русия дар фурудгоҳи низомии Ҳисори Тоҷикистон
(last modified Wed, 04 Aug 2021 06:10:51 GMT )
Август 04, 2021 11:10 Asia/Dushanbe
  • Истиқрори чархболҳои низомии Русия дар фурудгоҳи низомии Ҳисори Тоҷикистон

Чархболҳои низомии Русия дар фурудгоҳи низомии ноҳияи Ҳисори Тоҷикистон мустақар шуданд.

Ба гузориши сомонаи Меҳр, артиши Русия бо судӯри баёнияе эълом кард, қарор аст, аз ин болгардҳо дар размоиши муштарак дар навоҳии марзии Тоҷикистон бо Афғонистон истифода шавад.

Равобит умумии артиши Русия дар ин хусӯс гуфт, чархболҳои нақлиётӣ ва ҷангии Ми-8 ва зарбазани Ми-24-и мансуб ба Ҳавзаи марказии ҳарбии Русия аз вилояти Новосибирск ва фурудгоҳи Ҳисори Тоҷикистон интиқол дода шуданд. Онҳо ба тамрини сеҷониба, ки аз 1 то 10 август дар машқгоҳи “Ҳарбмайдон”-и вилояти Хатлон доир мегардад, сафарбар карда мешаванд.

Чор чархболи ҷангӣ аз Русия тариқи ҳавопаймои боркаши нақлиётии бузургҳаҷми Ан-124-100 “Руслан” оварда шуд. Пеш аз интиқол баъзе сохтори чархболҳо қисман гирифта шуда, бо расидан ба фурудгоҳи таъинот кормандони ҳайати муҳандисӣ ва техникӣ онҳоро васлу насб карданд ва сарнишинони ҳавопаймо парвози техникаро санҷиданд.

Полковник Фаридун Маҳмадализода, сардори маркази матбуоти Вазорати мудофиаи ҶТ гуфт, дар машқҳои воҳидҳои нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон, Русия ва Ӯзбекистон, ки 1 август дар ҷануби Тоҷикистон оғоз шуд, 25 чархболу ҳавопаймои нақлиётию ҷангӣ, тақрибан 300 танк, мошинҳои зиреҳпӯш, дастгоҳҳои артиллерӣ сафарбар мешаванд,

Бино ба гуфтаи ӯ, дар ин машқҳо, ки дар наздикии сарҳади Тоҷикистон бо Афғонистон ҷараён мегиранд, зиёда аз 2 ҳазор нафар сарбозону афсарони се кишвар ширкат хоҳанд варзид.

Бештар бихонед: