Раисӣ: Асоси равобити Эрон ва Тоҷикистон ҳамдилӣ ва ҳамзабонӣ аст
(last modified Thu, 05 Aug 2021 06:48:26 GMT )
Август 05, 2021 11:48 Asia/Dushanbe
  • Раисӣ: Асоси равобити Эрон ва Тоҷикистон ҳамдилӣ ва ҳамзабонӣ аст

Раисҷумҳури исломии Эрон дар дидори раиси Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон, асоси равобити ду кишварро ҳамдилӣ ва ҳамзабонӣ донист ва бар густариши он таъкид кард.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Саидиброҳими Раисӣ, раисҷумҳури ҷадиди Эрон чаҳоршанбе дар дидори Маҳмадтоир Зокирзода, раиси Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон гуфт: “Равобити Теҳрону Душанбе фаротар аз равобити оддии ду кишвар бо якдигар аст ва бояд бо иттико ба наздикиҳои фарҳангӣ ва тамаддунӣ, барои иртиқои сатҳи ин равобит гомҳои ҷиддие бардошт”.

Саидиброҳими Раисӣ тавсеаи равобити Эрон, Тоҷикистон ва Афғонистон ба унвони се кишвари форсизабонро дорои аҳаммияти фаровон унвон кард ва изҳор дошт: “Ноамниҳои имрӯзи Афғонистон, ки реша дар дахолатҳои бегонагон дар ин кишвар дорад, ба нафъи ҳечкас нест ва Эрону Тоҷикистон бояд барои рафъи ин нигаронии муштарак дар арсаи дуҷониба ва байналмилалӣ ҳамкориҳои наздиктаре бо якдигар дошта бошанд”.

Зокирзода ҳамчунин ба раисиҷумҳури Эрон салому эҳтироми Эмомалӣ Раҳмон президенти Тоҷикистонро расонд.

Зокирзода қайд намудааст, ки "Пайвандҳои ногусастании таърихию фарҳангӣ моро водор месозанд, ки ба ҳамкории судманд ҳарчи бештар рушду густариш бахшем”.